АМЗСТ ЗАНОНРО БА БАРРАСИИ МАСОИЛИ СОҲИБКОРӢ ҶАМЪ НАМУД

Дар толори меҳмонхонаи HYATT REGENCY-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷамъбасти озмуни Бонуи соҳибкори сол Ҷоизаи «Фараҳ-2016» бо дастгирии молиявии Барномаи рушди созмони милали муттаҳид (UNDP) мизи мудаввар барпо гардид.
Дар он 35 нафар занону бонувони соҳибкор аз шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф, ғолибони номинатсияҳои Озмуни Бонуи соҳибкори сол, барандаи Шоҳҷоизаи «Фараҳ-2016» ва намояндагони сохторҳои давлатию созмонҳои ҳамкор ва шарик бо Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ширкат варзиданд.

img_0831Сараввал чорабиниро Малика Мирзобаҳодурова, муовини Раиси Раёсати АМЗСТ ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки мақсад аз ин ҷамъомад иттилоърасонӣ оид ба марҳила ва натиҷаи озмун, табодули таҷрибаи соҳибкорзанон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни онҳо ва огоҳ шудан аз таассуротҳои иштирокчиён ва ғолибони озмун мебошад.
Баъд аз баромади Муҳаббат Нозимова, корманди АМЗСТ доир ба аъзошавӣ ба АМЗСТ, ғолибон ва нимфиналистони озмун аз муваффақиятҳои худ нақл карда, ба аҳли нишаст оид ба мушкилояти фаъолияти соҳибкориашон низ ҳарф заданд.
Сипас, ба иштирокчиёни мизи мудаввар аз рӯзгор ва таҷрибаю фаъолияти фаъолзанони соҳибкор намоиши телевизионӣ нишон дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъомади мазкур намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Замира Ҷуразода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, Мутахассис оид ба рушди иқтисодиёти Барномаи Рушди СММ Илона Веккели ва намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ситора Бобоҷонова суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Раиси Раёсати АМЗСТ барои дастгирии занону бонувон ва амалигардонии озмуни соҳибкори сол Ҷоизаи «Фараҳ-2016» изҳори сипос ва хушнудӣ намуданд.
???????????????????????????????
Дар охир миёни соҳибкорзанон ва намояндагони кумитаю созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ суолу ҷавоб баргузор гардида, фикру андешаҳои гуногун ироа гардиданд.
img_0874

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.