Вохури бо иштирокчиёни озмуни чумхуриявии «Фарах 2016» дар Исфара

иштирокчиёни озмуни чумхуриявии «Фарах 2016» баргузор гардид. Дар ин чорабини иштирокчиёни ин озмун аз нохияи Конибодом Махмудова Мунаввара дар сохаи хизматрасони, Бобочонова Гулсара дар сохаи истехсолот ва аз шахри Исфара Рахматова Саъдияхон-сохаи истехсолот, Авезова Нодира дар сохаи кишоварзи ширкат намуданд.

Инчунин аз макомоти ичроияи хокимияти давлатии ш. Исфара мутахасиси шуъбаи кор бо занон Парпиева Муяссар, мутахасиси шуъбаи иктисод Мирзомансурова Мухаббат, ва мудири хифзи мехнати шахр Хамроева Гавхархон ширкат намуданд.
Чорабиниро директори филиали Исфара Фаязов В.В. огоз намуда, мехмононро хайрамакдам намуданд. Пас намояндаи АМЗСТ Нозимова М.Н. пурра оиди ин озмуни чумхурияви баромад намуда, максаду мароми баргузории ин озмунро фахмонида доданд.
Иштирокчии «Фарах 2016» Рахматова Саъдияхон таасуротхои худро оиди ин озмун баён намуда кайд карданд, ки озмун нихоят дар сатхи баланд гузашт. «Ман аввалин маротиба дар ин озмун ширкат намудам ва ба худ бисёр чизхоро кашф намудам, аз чумла вохури бо сарвари АМЗСТ Махкамова Г.М. бароям нихоят гуворо буд. Аввалин зане, ки ба занони Точикистон дилсуз хастанд ман акнун дидам. Ин зан чи кадар доною пешрафта хаст, ки аз паси худ занхои чумхуриро бурда истодаанд. Махз ташкили хамин озмун исботи гуфтахои болост. Барои ривочу равнаки сохибкории занон пайваста мехнат карда истодаанд. Ман дар оянда низ мехохам дар ин озмун иштирок намоям ва ба назди худ то ду соли оянда накшахои калонро гузоштаам.»
Иштирокчии дигар аз ш. Конибодом Махмудова Мунаввара баромад намуда кайд карданд, ки «дар ин озмун ду маротиба мешавад, ки иштирок намудам. Хар бор ба худ таасуротхои калон мегирам. Аз чумла шиносои бо тичорати занхои сохибкори дигар аз хар гушаю канори чумхуриамон, ки боиси таквият бахшидани малакаи тачрибаамон мегардад, писанд аст».
20161118_104129
Авезова Нодира кайд намуданд: «Иштирок намудан дар озмун, боиси боз хам васеъшавии тичоратам гашт, чунки пештар факат фаъолияти ман кишоварзи бошад, холо ман ба истехсолот низ руй овардаам. Корхонаи Кадрро ташкил намудам, ки ба банду басти меваи хушк машгул аст. »
20161118_104305
Бобочонова Гулсара низ афзуд, ки ин озмун ба у низ бисёр чизхоро омузонидааст. Махз сухбату тачрибаивазнамоихо бо тичорати дигар занхо бисёр писанд омад.
20161118_111053
Намояндаи макомоти ичроия Хамроева Гавхархон баромад намуда кайд карданд, ки макомоти ичроияи хокимияти давлатии ш. Исфара бо АМЗСТ доимо хамкори менамояд. Махз чумхурияви гаштани ин озмун барои занони сохибкори Точикистон шароитхои васеро фарохам овард. Занони точик имрузхо шукронаи истиклолияти давлати намуда, пайваста дар хамаи сохахо фаъолият мебаранд. Аз чумла дар бахши сохибкори низ. Аз соли 2012 дар ин озмун аз шахри мо бисёр занони сохибкор иштирок намуда пирузихо ба даст овардаанд, Яке аз инхо Исмадова Салима, ки сохиби 2 корхонаи хусуси асту, дар озмуни «Фарах 2014» голиб дар бахши истехсолот гаштааст.
Занони сохибкорони Исфарамарз дар оянда низ дар ингуна озмунхо ширкат варзида, обрую эътибори шахрамонро баланд мебардоранд.
Мутахасиси шуъбаи иктисоди макомоти ичроияи ш. Исфара Мирзомансурова Мухабат баромад намуда, тавсия доданд, ки занон дар оянда ба бахши банду басти меваи хушк машгул шуда, корхонахои истехсолиро ташкил намоянд бисёр муфид аст, чунки Исфара ва Конибодом макони зардолуву себ, олуи сиёх аст, барои онхо ашёи хом дастрас ва арзон аст.
Баъдан байни ахли нишаст сухбати ошкоро сурат гирифт. Занони сохибкор оиди андозу андозбанди, тартиби хисоби нафака, огози тичорати нав саволхо доданд, Нозимова М.Н. ва намояндагони макомоти ичроия посуххои амик доданд.
Чорабиниро директори филиал Фаязов В.В. чамъбаст намуда, барои иштироки мехмонон ва занони сохибкор миннатдори баён намуданд.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.