ЗАНОНИ СОҲИБКОР РОХХОИ УСТУВОРИИ ФАЪОЛИЯТРО ДАР БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ ОМӮХТАНД

Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯрғонтеппа, Шаҳритуз ва Қубодиён бо иштироки занону бонувони соҳибкор бизнес-тренинг баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар омӯзиш ба соҳибкорзанон оид ба таҳияи арзиши аслии маҳсулот, андоз аз даромад, омӯзиши бозори истеъмолӣ, рақобатпазирӣ дар истеҳсолот, хизматрасонӣ ва муаррифи молу маҳсулот ба воситаҳои гуногун фаҳмонида шуд.
{амчунин аз тарафи коршоносони касбӣ ба бонувони соҳибкор вобаста ба сифати маҳсулот, нархгузорӣ, шакли пешниҳоди он ба харидор, банду басти маҳсулот маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар рафти бизнес-тренинг иштирокчиён асосан дар мавриди роҳ ёфтан ба бозори беруна, васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав ва таъмини устуворӣ дар замони бумбасти иқтисодӣ ибрози андеша намуданд.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.