ИСТЕҲСОЛИ КӮЧАТ ВА САБЗАВОТ БО ТАВРИ МУОСИР БА СОҲИБКОРЗАН ДАРОМАДИ БЕШТАР МЕДИҲАД

Чанде пеш дар ноҳияҳои Бохтару Вахш бо ҷалби беш аз 30 нафар занону бонувони кишоварз ва соҳибкор омӯзиш дар мавзӯъи истеҳсол ва парвариши кӯчат бо таври муосир барпо гардид.

Омӯзишҳои мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» ташкил карда шуд.
Дар семинар агрономи лоиҳа Исроилҷон Қаландаров, ба иштирокчиён оид ба афзалиятҳои парвариши навниҳол бо усули муосир, ҳифзи растанӣ ва кучати сабзавот аз касалию ҳашаротҳои зараррасон маълумот дод.
{амчунин дар қисмати амалии омӯзиш ба занону духтарон дар шароити гармхона, аз тухмӣ ба воя расонидани кӯчат дар дохили қуттичаҳои полиэтиленӣ ва ба замини кушод гузаронидани он нишон дода шуд.
???????????????????????????????
{адаф аз ин тадбир боло бурдани дониши аграрӣ ва иқтисодии кишоварзону соҳибкороне, ки ба истеҳсол ва фурӯши навниҳол ва сабзавот машғул мебошанд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занон бо усули муосир парвариш ва истеҳсоли ҳамагуна навниҳол ва сабзавотро ба роҳ монда, ҳосили фаровон ба даст оранд ва фоидаи бештар бигиранд.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.