Слово Генерального директора

Мададгори боэътимоди бонувони соҳибкор

Гулбахор Махкамова Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), ки соли 1995 ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ ташкил ёфта буд, баъди аз нав бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2000 – ум статуси ҷумҳуриявиро дорост.

Мақсади Ассотсиатсияи мазкур – васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон дар бозори меҳнат, мададгорӣ намудан дар ворид гардидани занон ба захираҳо, маориф ва инкишоф додани малакаҳои бозорӣ дар занҳо мебошад.

Имрӯз Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои ғайритиҷоратии калон маҳсуб ёфта, дар соҳаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тавассути дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд ва миёна, имконият додан ба воридшавии соҳибкорон ба маълумот, мададгорӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, кор мекунад.

Дар айни ҳол ин ташкилот фаъолияти худро дар се соҳа амалӣ менамояд:

  1. Гузаронидани тренингҳои соҳибкорӣ ва касбӣ
  2. Ҳимояи ҳуқуқ ва шавқу завқи занони соҳибкор
  3. Хизматрасонии маслиҳатӣ

Он муассиси ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШЕЛ», Ташкилоти Ҷамъиятии Маркази Занон «Гулрухсор» (Маркази бӯҳронӣ ва паноҳгоҳ барои занон ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила) ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Комёбиҳои ҷавонон» мебошад.

АМЗСТ ташкилоти аъзогӣ мебошад. Ашхоси воқеъӣ ва ҳуқуқӣ аъзои ин ташкилот шуда метавонанд. Аъзоёни ташкилот – занони соҳибкор, намояндагони соҳаҳои истеҳсолот, фурӯши маҳсулоти саноатӣ, маводи хӯрока, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ мебошанд.

Ташкилот бо ҳарифии Палатаи Олмонии косибӣ таҷрибаи бои гузаронидани курсҳои касбӣ – техникиро дорост. Аз соли 2003 сар карда то имрӯз курсҳои касбию техникӣ дар самтҳои – истеҳсолоти қаннодӣ аз рӯи технологияи пазиши олмонӣ, дӯхтани пардаҳои назаррабо, марҷонороӣ, санъати машшотагӣ, омода намудани композитсияҳои гулҳо, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ гузаронида мешаванд. Тренерони (омӯзгорони) ин курсҳо аз муттахассисони Палатаи Олмонии касбии касбу дониш андӯхтаанд ва ҳамчунин сехи қаннодӣ ташкил карда шудааст, ки ба бонувон нозукиҳои ин ҳунар омӯзонида мешаванд. Аз рӯзи ташкилшавии курсҳо то ҳоло беш аз 70 курсҳои касбию техникӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд гузаронида шуда, дар онҳо зиёда аз 1000 иштирокдорон дониши касбӣ омӯхтанд ва малакаи корӣ ҳосил намуданд.

Бо ибтикори АМЗСТ ва дастгирии Ташкилоти байналхалқии MEDA (Канада) соли сеюм аст, ки таҳти унвони «Тараққиёт ва робитаҳои иқтисодӣ байни АМЗСТ, Авғонистон ва Покистон» лоиҳа амалӣ мегардад. Дар доираи татбиқи лоиҳа дар шаҳрҳои Чианг Май (Таиланд), Исломободи Покистон, Колумбуси штати Огайои ИМА Форуми бонувони соҳибҳунар доир гардид, ки дар онҳо аз Тоҷикистон низ намояндагон иштирок доштанд.

Аз 20 то 22 майи соли ҷорӣ бошад, чунин форум дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ба он аз Афғонистон ва Покистон намояндагони занони соҳибҳунар даъват шуда будаанд ва намоиши ҳунарҳои миллии онҳоро соҳибкорони мо тамошо карданд.

Аз 20 то 24 октябр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб форуми байналмилалии бонувони ҳунарманд доир гардид. Дар он 7 нафар беҳтарин намояндагони бонувони ҳунарманди Тоҷикистон, ки ба тариқи озмун хоста гирифта шуданд, иштирок намуданд. Намунаҳои эъҷози дастони онҳо – маҳсулоти зардӯзии миллӣ, марҷонороӣ, нақшаҳои ҷаззоб дар рӯи зарфҳои чинӣ, кашидадӯзӣ, шонатарошӣ ва амсоли инҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар навбати худ намояндагони мо бо маҳсули ҳунари дигар халқҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд ва бо таассуроти амиқ ба Ватан баргаштанд.

Моҳи июли соли 2008 Ташкилоти байналхалқии меҳнат бо ҳарифии Институти байналхалқии Ойкокредит байни институтҳои маблағдиҳии хурд барои иштирок намудан бар барномаи пажӯҳишии «Маблағдиҳии хурд баҳри меҳнати сазовор» озмун эълон карданд. Ташкилоти Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба қатори 25 институтҳои молияи хурди ҷаҳон, ки дар ин лоиҳа иштирок менамоянд, дохил гардид. Ҳадафи асосии лоиҳа – беҳтар намудани шароити меҳнати мизоҷони институтҳои молияи хурд, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ихтисор кардани меҳнати бачагон мебошад.

Дар доираи лоиҳаи ҶДММ ТҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо дастгирии Ташкилоти байналхалқии меҳнат Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон соҳаи «Баробарҳуқуқии гендерӣ»-ро интихоб намуд. Барои васеъ намудани имконияти занон ба занони соҳибкориро нав сар карда дарсҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Муваффақият ба даст ор» ва «Қарзҳо барои кушодани соҳибкорӣ» пешниҳод карда мешаванд.

Барномаи тренинги «Муваффақият ба даст ор» аз ҷониби Ташкилоти байналхалқии меҳнат кор карда баромада шуда, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон истифода гардидааст. Ҳадафи он дастгирӣ намудани соҳибкорӣ дар байни занон аз қисмҳои аҳолии камбизоат, ки мехоҳанд дар қарзгирии хурд иштирок намоянд, ё аллакай ба ин самт фаро гирифта шудаанд, мебошад. Дарсҳои омӯзишии ин тренинг аз дигар тренингҳо бо он фарқ менамоянд, ки ба инкишофи малакаҳои соҳибкорӣ аз нуқтаи назари баробарии гендерӣ муносибат кунанд.

Ин муносибат ба ҳамаи мизоҷон – чӣ мизоҷи инфиродӣ, чӣ оила ё чӣ гурӯҳ, чӣ хоҳишманди сар кардани соҳибкории хурд, паҳн мешавад.

Омӯзиш барои занони соҳибкори даромадашон кам барои бомуваффақият иҷро намудани масъалаҳои амалӣ ва стратегияи онҳо ёрӣ мерасонад, барои васеъ намудани малакаи шахсии соҳибкорӣ ва малакаи кор бо ҳайат, ҳамчунин барои ба даст овардани дастгирӣ тавассути гурӯҳ, сохторҳои шабакавӣ ва институтҳои соҳибкорӣ кӯмак менамояд. Иштирок дар тренинги соҳибкорӣ барои гирифтани дониш ва малакаи ташкил ва бурдани фаъолияти соҳибкорӣ, тартиб додани ҳуҷҷатгузории молиявӣ ва кор бо қарзҳо имконият медиҳад. Дар натиҷаи омӯзиш иштирокдорони тренингҳо нақшаҳои соҳибкории хурдро тартиб медиҳанд ва ғояҳои соҳибкории бештар ояндадор аз ҷониби «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» маблағгузорӣ карда мешаванд.

Омӯзишҳоро тренингҳои АМЗСТ, ки тайёрии махсусро гузашта, соҳиби иҷозатнома гаштаанд, мегузаронанд.

Аксияи мазкур характери иҷтимоӣ дошта, барои дастгирии рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон, ки 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагонӣ мекунанд ва имконияти ба даст овардани малакаи рушди соҳибкориро надоранд, нигаронида шудааст.

Иштирокдорони лоиҳа имконият доранд, ки аъзои АМЗСТ шаванд ва ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки дар курсҳои мухталифи АМЗСТ ба таври имтиёзӣ таҳсил намоянд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ оиди соҳаҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ ва андозбандӣ гиранд.

Лоиҳа аз сентябри соли 2009 то декабри соли 2011 амалӣ мегардад ва 13 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро – Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Зафаробод, Спитамен, Ҷабор Расулов, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Қӯрғонтеппа, Шаҳритус дар бар мегирад. Дар чорчӯбаи лоиҳа гузаронидани сӯҳбатҳо бо имзоҷони ташкилотҳои қарзии хурд ба нақша гирифта шуда, ташкил намудани омӯзиш барои занони сини аз 18 то 58 сола, ҳамчунин барои садҳо нафар занони омӯзишро бо муваффақият гузошта додани қарзҳо барои саршавӣ ва кушодашавии соҳибкорӣ пешниҳод карда мешаванд.

Аллакай, дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Зафаробод, Ж.Расулов, Шаҳритус, Турсунзода дар моҳҳои октябр – декабр тренингҳо баргузор карда шудаанд. Ҳоло, ҳамагӣ 512 нафар занон бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд, ки паз аз гузаронидани тренингҳо барои гирифтани қарз ба саршавии соҳибкориашон ноил мегарданд. Бо ин роҳ онҳо ҳам соҳиби маълумот, ҳам малакаи соҳибкорӣ, ҳам соҳиби қарзи якум дар оғози корашон мегарданд.

Тренингҳои дар шаҳру ноҳияҳо барпо гардида, саволу ҷавобҳо бо шунавандагон барои онҳо хеле қулай, мувофиқ ва мададгор будани чунин тарзи корро собит менамоянд.

Баҳои баланди Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ки 7 марти соли 2006 дар шаҳри Душанбе дар вохӯрӣ бо занони соҳибкори ҷумҳурӣ садо дод, моро водор менамояд, ки имрӯз аз дирӯза беҳтару хубтар кор кунем, баҳри ободии диёри азиз ва афзун намудани дастовардҳои мардумаш кӯшиш ба харҷ диҳем.

Махкамова Г. М. – директори кулли АМЗСТ