Пресс-релиз на таджикском

Coat_of_arms_of_Tajikistan_.svgБезимени-1

Безимени-2

Безимени-3

Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоxикистон (АМЗСТ) бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи XТ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, НТМ озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин бизнес-лоиҳаро дар байни занони фаъол ва ташаббускор, ки идеяҳои ташкили бизнеси навро доранд, эълон менамояд.
Ҳамкори генералии озмун ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешенл» мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани озмун- ин васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии занони ҷавони Тоҷикистон тавассути дастгирии бизнес-идеяҳои инноватсионии онҳо, ташкил ва дастгирии соҳибкории нав, инчунин мусоидат намудан барои паст намудани сатҳи бекории занон маҳсуб меёбад.
Озмуни мазкур бо заноне, ки нияти ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро доранд, имконият фароҳам меорад, ки идеяҳои худро дар амал татбиқ намоянд. Дар озмун занҳои аз 18 то 35 сола метавонанд ширкат варзанд.

Дар даври аввали озмун зиёда аз 200 занҳои ҷавон дар асоси пешниҳоди анкетаҳои интихоб карда шуда, ба тренинги хостагирӣ доир ба интихоби бизнес-идеяи оқилона даъват карда шуда, аз байни онҳо 50 бизнес-идеяи беҳтарин барои даври оянда аз ҷониби тренерҳои пуртаҷриба муайян карда мешаванд.
Дар даври дуюм 50 нафар занон бо идеяҳои соҳибкории беҳтарин дар тренинги ҳафтрeза доир ба бизнес-лоиҳаи воқеӣ табдил додани идеяҳои худ иштирок менамоянд. Ҳар як иштирокчии даври дуюм барои ҳимояи бизнес-лоиҳаи худ дар назди комиссияи экспертӣ, ки аз ҳайати беҳтарин бизнес-маслиҳатчиҳо ва сарпарастони потенсиалӣ таъсис дода шудаанд, талош меварзанд.
Беҳтарин бизнес-идея дар амал татбиқ, дастгирӣ ва сармоягузорӣ карда мешавад!
Маблағгузорӣ дар намуди гранти сафорати ИМА дар ҶТ ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тарафи ТАҚХ «Имон Интернешнл» аз рӯи меъёри бозтамвили Бонки Миллии ҶТ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин ТАҶХ «Имон Интернешнл» фароҳам овардани имкониятро оиди суғуртаи хавфи соҳибкорӣ тавассути ҳамкорони худ ба нақша мегирад.
Ғолибони озмун дар вақти ба роҳ мондани бизнеси нав ва дар моҳҳои аввали фаъолияти корхонаи нав аз ҷониби мутахассисон назорат бурда мешаванд. Мутахассисон аз ҳисоби занони ботаҷрибаи соҳибкор, аъзоёни АМЗСТ, Ассотсиатсияи занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон интихоб карда мешаванд. Аз рӯи имконият бозӯмeзӣ ва таҷрибаомӯзии ғолибони озмун дар самти бизнеси интихобкардаи худ дар шаҳрҳои Остона ва Алма ато баҳри рушди малакаи соҳибкории онҳо ташкил карда мешавад.
Чорабинии мукофотонидани ғолибони озмун дар доираи конфронси байналхалқӣ гузаронида мешавад, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ташкил карда хоҳад шуд ва ин конфронс моҳи январи 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорзанон ва вакилони мардумии (парламентарии) ин давлатҳо гузаронида мешавад.
Ба гуфти директори генералии АМЗСТ Гулбаҳор Махкамова, ташкили конкурси мазкур заминаи боэътимод барои рушди соҳибкории занон маҳсуб ёфта, барои устувор гардидани иrтисодиёт тавассути ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар байни занон мусоидат менамояд. «Мехостам занони ҷавонро ба иштироки фаъол дар озмуни бизнес-лоиҳаҳо таклиф намоям. Ин имконият барои гирифтани дониши базавӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва санҷиши ғобилияти худ мебошад. Барои иштирок дар озмуни мазкур фақат хоҳиши татбиқи идеяи худ лозим аст», — ба иштирокдорони фаъоли озмун муроҷиат карда мегӯяд  Г.Махкамова.

Барои иштирок дар озмун бояд ариза – анкета пур карда шуда, ба комиссияи озмун ё ба почтаи электронии nabwt.konkurs@gmail.com фиристонида шавад. Намунаи анкета-аризаро аз саридораи «Имон Интернешенл» ва филиалҳои он, ҳамчунин аз сомонаи www.nabwt.tj дастрас кардан мумкин аст.

Аризаҳо то 1 ноябри соли 2013 қабул карда мешаванд.
Маълумоти пурраро дар бораи озмун тавассути рақами (92)756-50-00 ё (93) 503-50-05 гирифтан мумкин аст.

Тақвими озмун:

  • Июл-август 2013. Даври тайёрӣ – ташкили ҳамаи сохторҳои ҷамъиятии озмунро дар бар мегирад: кумитаи тадорукот, шӯрои ҳамоҳангсозӣ, комиссияи экспертӣ. Даври мазкур ҳамчунин ба роҳ мондани реклама ва фаъолияти маркентингиро барои хабардор намудани аҳли ҷомеа оиди оғози озмун дар бар мегирад.
  • Сентябр- октябр 2013. Фаъол намудани корҳои рекламавӣ ва қабули ариза-анкетаҳо аз хоҳишмандоне, ки дар озмун ширкат варзидан мехоҳанд. Гузаронидани интихоби 200 иштирокчӣ дар рафти тренинги дурӯза.
  • Ноябр 2013. Омӯзонидани 50 нафар занҳои беҳтарин дар бизнес тренинги ҳафтрeза ва ҳимояи бизнес-лоиҳаҳои онҳо аз ҷониби иштирокчиён. Баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибони Озмун аз ҷониби комиссияи экспертӣ.
  • Декабр 2013. Дастгирии техникӣ ва маслиҳатдиҳӣ дар оғози бизнес.
  • Январ 2013. Гузаронидани конфронси байналхалқӣ дар шаҳри Душанбе доир ба рушди соҳибкории занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо иштироки соҳибкорзанон ва намояндагони шаш мамлакатҳо. Тақдими диплом ва мукофотҳо.