РУШДИ ҚУЛФИНАЙПАРВАРӢ ДАР ХАТЛОН

Санаи 5-6-уми ноябри соли 2016 бори аввал навъи нави кӯчати қулфинайро бо номи «Фестивал» Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» аз ширкати Caiifornia Pacific Plant Export, Inc-и Амрико ба вилояти Хатлон ворид намуд.

Дар пайи ин иқдом Асотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон қарор дошта, онро дар доираи лоиҳаи болозикр бо дастгирии молиявии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ амалӣ намуд.
Беш аз 10 ҳазор кӯчати ин навъи қулфинай дар ду қитъаи намоишии ҷамоати деҳоти Киров-2-и ноҳияи Вахш, ки ҳар кадом 10 сотихи масоҳат доранд, бо усули муосир шинонида шуд.
???????????????????????????????
Ба гуфтаи мутахассисон ин навъи кӯлфинай дорои сертификат буда, ҳосилнокиаш нисбатан баланд, муҳлати нигоҳдориаш зиёд, таъмаш ширину сифаташ аъло ва бозоргузару пешпазак мебошад.
Мақсад аз ин талошҳо ба роҳ мондани технологияи муосири парвариши қулфинай, боло бурдани ҳосилноки он ва ба ин васила бештар фоида гирифтани кишоварзону соҳибкорон мебошад.
???????????????????????????????
Бояд гуфт, ки дар оянда беш аз 200 нафар соҳибкорзанони қулфинайпарвар ба омӯзиши технологияи муосири парвариши қулфинай ҷалб гардида, аз он баҳравар мегарданд.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.