СОҲИБКОРЗАН: «МАЗЗА»-И ИСТЕҲСОЛИ КӮЧАТРО ЧАШИДАМ!

Ба Илолбӣ Тоирова, соҳибкорзан аз ноҳияи Вахш, ки як сол боз истеҳсолкунандаии кӯчати памидор ва булғорӣ бо усули муосир мебошад, аз ҳоло кишоварзон ҳудуди 20 ҳазор навниҳол фармоиш додаанд.

Ин дар ҳолест, ки мавсими гузашта Илолбӣ аз омӯзишҳои Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» истеҳсол ва парвариши кӯчати памидор ва булғориро бо тарзи муосир омӯхт.
— Ҳамчунин маро ҳамроҳи дигар занон Асотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ба вилояти Сӯғд бурд. Онҷо ман аз кору бори деҳқонони пешқадам ва соҳибкорони муваффақ дар соҳаи кишоварзӣ дидан намуда, ба худ қавл додам, ки ба сабзавоткорӣ ва истеҳсоли навниҳол даст мезанам. Ҳарчанд беш аз 12 сол боз дар хоҷагии деҳқонии «Қумшаҳид» бригадир шуда, танҳо ба пахтакорӣ машғул будам, — мегӯяд Илолбӣ.
Сипас, лоиҳаи мазкур ба ӯ се ҳазорӣ тухмии помидору булғорӣ, қуттиҳои полиэтиленӣ ва дигар маводҳои лозимиро ройгон тақдим намуд. Дар натиҷа, моҳи феврали соли ҷорӣ аввалин бор Илолбӣ Тоирова 10 ҳазор кӯчат истеҳсол намуда, нимашро дар замини наздиҳавлигиаш шинонд ва 5 ҳазор донаи дигари онро бар ивази 1 ҳазору 300 сомонӣ, ҳосили памидорро дар 1,5 ҳазор сомонӣ ва булғориро ба маблагӣ 800 сомонӣ фурӯхт.
— Ҳарчанд ман қисми ҳосили бадастомадаро барои зимистонгузаронӣ дар зарфҳо маҳкам кардам ва бемаҳдудият ба хешовандонам ройгон додам, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, фоидаи нағз гирифтам. Барои дастгрӣ ба USAID ва иҷрокунандаи лоиҳа АМЗСТ изҳори сипос менамоям.
Айни замон Илолбӣ Тоирова дар даву този насби гармхонаи калон аст. Ӯ аз ҳоло тухмӣ ва дигар маводҳои ғизоии растаниро фармоиш дода, ният дорад, ки аз ин баъд мунтазам истеҳсоли навниҳоли помидор ва дигар намуди сабзавотро ба роҳ монад.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.