СӮҲБАТИ ОШКОРО МИЁНИ СОҲИБКОРЗАНОН ВА НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ САНҶИШИИ ДАВЛАТӢ ОИД БА МОНЕАҲОИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Дар толори меҳмонхонаи «Рамз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи “Шаффофият ва соддагардонии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” мизи мудаввар бо иштироки соҳибкорзанон ва намояндагони мақомоти санҷишии давлатӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳи аз номи роҳбарияти Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Мухаббат Нозимова, баромад намуда, аз фаъолияти пурсамари Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» ба ҳозирин маълумот дод.
Дар навбати худ Раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба сухан баромада, аз ҳамкориҳои судманди Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор сипос намуд.
Дар кори ҷамъомад намояндагони мақомоти санҷишии давлатӣ аз ҷумла прокуратура, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, нозироти андоз, маркази санитарию эпидемиологӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, хадамоти оташнишонӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуда, ба саволу дархост ва пешниҳодҳои соҳибкорзанон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Гуфта шуд, ки ин тадбир дар асоси дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда буданд, сарчашма гирифта, барои боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорон мусоидат мекунад.
вст1
Тавре Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд, соли сипаригашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав қабул карда шуда буд. Вале шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст.
Дар мизи мудавар ба занони соҳибкор Зафар Ализода, Котиботи Шӯрои машваратии рушти соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Хатлон аз натиҷаи омузиш оид ба монеаҳои соҳибкорӣ ва роҳҳои бартараф кардани онҳо баромад намуд.
Фарҳод Тоиров, роҳбари бахши муносибат ва ҳимоя ва Иттифоқ Ахмедов, бизнес-мушовири Ассотсиатсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ба сухан баромада, доир ба талабот ва риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор”мубодилаи афкор намуданд. Дар мизи мудаввар бисёр таъкид рафт, ки ҳар як соҳибкор бояд дафтари бақайдгирии санҷишҳоро дошта бошад ва онро аз нозироти андоз ройгон дастрас намояд.
Хамчунин намояндагони мақомоти болозикр бобати дастгирии давлатии соҳибкорон, имтиёзҳо ба онҳо, тартиби андозу андозбандӣ, тафтиши накшаваи ва ғайринақшавии фаъолияти соҳибкорӣ ёдовар шуданд.
вст2

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.