• Русский
  • English

Мулоқот бо истеҳсолкунандагон

5 - июн дар толори меҳмонхонаи "Рамз" - и шаҳри Қӯрғонтеппа мутахассисони Лоиҳаи USAID "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон" бо истеҳсолкунандагони навниҳоли сабзавот ва қулфинай мулоқот намуданд.
Сараввал ҳамоишро роҳбари лоиҳа Фаррух Шоимардонов, ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба ҳадаф ва дурнамои рушди соҳаи кӯчатпарварӣ ибрози андеша намуд.

Ҳусниддин Қузибоев, менеҷери бахши занҷираи арзиши лоиҳаи мазкур доир ба афзалият ва манфиати истеҳсоли навниҳол сухан ронда, аз таҷрибаҳои пешқадами арсаи кишоварзии мамлакатҳои хориҷи нақл намуд. Ӯ хусусан таҷрибаи қулфинайпарварони Туркияро муаррифӣ намуда гуфт, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна беназир аст.
Сипас миёни кормандони лоиҳаи болозикр, ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар ҳашт навоҳии ҳадафии вилояти Хатлон амалӣ мегардад бо кучатпарварон суолу ҷавоб баргузор гардид.

Share

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.