• Русский
  • English

35 НАФАР БА ЛАГЕРИ «ИҚТИСОДЧИЁНИ ҶАВОН» РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмун аз фанни «Асосҳои иқтисодиёт» миёни хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии сенздаҳ шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он 69 нафар ҷавонони болаёқат ва фаъол иштирок намуда, 33 нафарашон ҳамчун ғолиб ва ду нафар омӯзгорони ҳамин фанн ҳамчун роҳбалад ба вилояти Суғд барои иштирок дар Лагери зимистонаи «иқтисодчиёни ҷавон» роҳхат гирифтанд.

Дар ин лагери иқтисодӣ хонандагон давоми ҳашт рӯз тартиб додани нақшаи тиҷоратӣ, устувор нигоҳ доштани соҳибкорӣ, ба даст овардани фоида ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва вусъат бахшида корҳои созандагию бунёдкорӣ ва хизмат ба халқу Ватанро меомӯзанд.

 

Озмуни мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсату шуъбаҳои он дар вилояти Хатлон соли дуюм аст, ки  баргузор мегардад.

Мақсади аз роҳанзодии ин тадбир боло бурдани донишҳои иқтисодии ҷавонон, тавлид намудани ғояҳои нав дар мафкураи хонандагон оид ба ташкил ва ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва оғози соҳибкории онҳо дар оянда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Асотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар соли гузашта пеш аз барпо намудани чунин озмун барои такмил ёфтани донишу малака ва бо усулҳои муосир дарс гуфтани худи омӯзгорон 40 нафари онҳоро ба омӯзиши касбии фанни Асосҳои иқтисодиёт ҷалб намуд. Дар натиҷа омӯзгорон бо истифода аз донишҳои омӯхтаи худ ба толибилмон дарс гуфта, бо тайёрии хуб иштироки хонандагонро дар озмун таъмин намуданд. Соли гузашта 28 нафар аз ҳашт шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа дар лагер иштирок  намуда буданд.

Дар лагери зимистона ба хонандагон барои донишандӯзӣ ва фароғаташон тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, аз рафти он ахборот нашр мегардад.

Share

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.