• Русский
  • English

Соҳибкорзан: тараққиёти амрико «чашмамро кушод»!

Истеҳсоли дастии матоъи хушсифати адрас аз ашёи хоми табиӣ ҳунарманди ҷавон Роҳила Низоваро дар ҷомеа шинохта кард. Ӯ яке аз аввалин бонувони адрасбофи касбӣ дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки дар доираи Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» ин ҳунари волоро омӯхт ва соҳибкор шуд.

То ин дам Роҳила бонуи хонашин буд ва кор меҷӯст. Соли 2016 Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи USAID дар шаҳри Бохтар нахустин Маркази омӯзишии адрасбофиро таъсис дод ва Роҳиларо дар баробари дигар занон ба омӯзиши ҳунари дастӣ ҷалб намуд. Аз гурӯҳи хатмкардаҳо Роҳила ба ин ҳунар таваҷҷуҳи зиёд намуда, аз ҳама беҳтар омӯхт. Яъне ӯ тамоми неруи худро ба ин ҷода бахшида, дар зудтарин фурсат соҳибном ва ситораи ҳунар гашт.

Чанде пеш, аниқтараш моҳи марти соли 2018 Роҳила бо кӯмаки лоиҳаи болозикр дар барномаи «Ҷаҳони боз»-и Сафорати Амрико иштирок намуда, дастгирӣ ёфт ва роҳхат барои табодули таҷриба ба ИМА-ро дарёт намуд. Вай ҳамроҳи гурӯҳи соҳибкорон ба ИМА сафар намуд. Ин дуюмин сафари хориҷаи Роҳила дар ҳаёташ буд. Бори аввал ӯ соли гузашта ҳамроҳи ҳунармандон дар доираи лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» ба Ӯзбекстон рафта буд. Аммо ба гуфтаи Роҳила сафари ин дафъаина тамоман дигар ва таъсирбахш буд. Тараққиёти босуръати кишвари Амрико дар аксари соҳаҳо аз ҷумла истифодаи техника ва технологияҳои муосир дар фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ӯро ҳайрон кард ва аз ин саёҳати омӯзишӣ таасуроти хеле зиёд бардошт.

Роҳиларо бо гуруҳи соҳибкорони тоҷик масъулин аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тули ду ҳафта дар шаҳрҳои гуногуни штатҳои Вашингтон ва Калифорния ҳамроҳӣ карданд. Онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дидан намуданд. Ба Қасри сафед, ҳукумати маҳаллӣ, осорхона, китобхона, бозор, корхонаҳои гуногуни истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, заводи мошинсозӣ рафта, бо мардуми Амрико оид ба тарзи ҳаёт ва кору фаъолияти якдигар суҳбат оростанд. Ба гуфтаи хонум Роҳила матоъи адрас ва шарфҳои бофтаи ӯ, ки аз риштаҳои пахтагин омода карда шудаанду бо нақшу нигори миллии тоҷикӣ оро ёфтаанд, ба амрикоиҳо хеле писанд омад. Ва ин аст, ки соҳибкорони амрикоӣ ба маҳсулоти дастии Роҳила баҳои баланд дода, аз ҳоло пешниҳотҳои ҳамкории тиҷоратӣ доранд.

Шабакаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорон дар штатҳои ИМА, дастгирии давлатии онҳо, шароити кору зиндагӣ, тарзи корбарӣ, сифати маҳсулот ва ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ омили асосии рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Амрико ва муваффақияти соҳибкорони онҳо мебошад, - мегӯяд аз таасуроти сафари худ Роҳила Ниёзова. Ӯ дар идома афзуд, ки барои ҳар як шахс хусусан соҳибкор сафар намудан ба чунин мамлакатҳои тараққиёфта ба нафъи кор буда, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ ва таҷрибаашонро бой мегардонад.

Дар ИМА соҳибкорон асосан тариқи шабакаи интернет онлайн хариду фурӯш ва доду гирифт мекунанд. Ин тарзи корбарии замонавӣ Роҳиларо бетараф гузошта натавонист ва ӯ зимни саёҳат дар Амрико почтаи электронии худро боз намуда, ҳатто аз телефони оддӣ ба ҳушманд (самартфон) гузашт. Ҳоло Роҳила Ниёзова яке аз соҳибкорзанони замонавӣ гашта, тариқи интернет бо соҳибкорони ҷумҳурӣ ва берун аз он робитаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ дорад, ки натиҷаи хуб дода истодааст.

Share

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.