• Русский
  • English

Дар ноҳияи Вахш маркази омӯзишии хушккунии мева ифтитоҳ ёфт

Имрӯз, 20-уми июни соли равон дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш Маркази омӯзишии хушккунии мева ифтитоҳ ёфт. 
Марказ дар замини наздиҳавлигии соҳибкор Бозоргул Ширинова воқеъ дар дехаи ба номи Ҳофизи Шерозӣ буда, ҳамаи ашёҳои лозима барои бо сифати аъло хушк намудани зардолу ва дигар намуди меваҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими оғози расмии марказ намояндаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Боб Рено, муовинони раиси ноҳияи Вахш Абдуллоев С. ва Зоирзода Ф. инчунин соҳибкорзанони кишоварз ва дастандаркорон иштирок доштанд.

Муовини аввали раиси ноҳияи Вахш С.Абдуллоев дар баромади худ зикр намуд, ки воқеанҳам ташабуси навбатии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ва лоиҳаи USAID ба рушди фаъолияти соҳибкории занон манфиатбахш буда, дар беҳтар гардидани даромади молиявии кишоварзон мусоидат менамояд.

Ӯ дар идомаи суханрониаш аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳамкории судманд ба ТҶ АМЗСТ ва лоиҳаи USAID арзи сипос намуда, гуфт, ки аз ин пеш дар ноҳияи Вахш аз тарафи ташкилот ва барномаи WEE ду қитъаи намоишии истеҳсоли қулфинай бо таври муосир ва Маркази омӯзишии қаннодӣ таъсис дода шуда, даҳҳо тренингҳои касбию аграрӣ баргузор гардидааст.

Маркази омӯзишии хушкунии мева низ дар доираи лоиҳаи "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон" бо мақсади омӯзонидани тарзи дуруст ва босифат хушк кунонидани мева ба занон ташкил карда шуд. Муҳайё гардидани чунин шароити мусоид ба соҳибкорзанон ва боғдорон имкон медиҳад, ки хушкунии зардолу ва дигар намуди меваҳоро омӯзанд ва аз ин ҳисоб фоидаи бештар ба даст оранд.

Share

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.