Мулокот бо истехсолкунандагон

5-июн дар толори меҳмонхои «Рамз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа мутахассисони Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» бо истеҳсолкунандагони навниҳоли сабзавот ва қулфинай мулоқот намуданд.
Сараввал ҳамоишро роҳбари лоиҳа Фаррух Шоимардонов, ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба ҳадаф ва дурнамои рушди соҳаи кӯчатпарварӣ ибрози андеша намуд.

Ҳусниддин Қузибоев, менеҷи бахши занҷираи арзиши лоиҳаи мазкур доир ба афзалият ва манфиати истеҳсоли навниҳол сухан ронда, аз таҷрибаҳои пешқадами арсаи кишоварзии мамлакатҳои хориҷ нақл намуд. Ӯ хусусан таҷрибаи қулфинайпарварони Туркияро муаррифӣ намуда, гуфт, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна беназир аст.
Сипас миёни кормандони лоиҳаи болозикр, ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар ҳашт навоҳии ҳадафии вилояти Хатлон амалӣ мегардад бо кучатпарварон суолу ҷавоб баргузор гардид.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.