Машварату омӯзиши доимӣ ба соҳибкорзанону кишоварзон, назорат ва таҳлили фаъолияти баҳрагирандагон, кори ҳамарӯзаи мутахассисони лоиҳаи "Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон" мебошад.
Тавре иттилоъ дода будем имсол бори аввал дар ноҳияи Ҷайҳун парвардахона барои истеҳсоли муосири навниҳоли қулфинай аз тарафи АМЗСТ дар доираи лоиҳаи USAID ташкил карда шуд, ки мислаш дар Тоҷикистон нест. Аз сабаби он, ки бо ин усул кишоварзон бори нахуст ба истеҳсоли кӯчат даст задаанд, онҳо ба маслиҳату роҳнамоии коршиносони соҳа ниёз доранд. Бо ҳамин мақсад мутахассисони лоиҳа ба назди баҳрагирандагон омада, аз вазъи нашъунамоӣ навниҳол бо хабар шуда меистанд, то ин ки рушди устувори он таъмин гардад. Ва деҳқонону соҳибкорон ба натиҷаҳои дилхоҳ расанд.
Ҳадаф аз ташкили парвардахонаҳои мазкур истеҳсоли навниҳолони қулфинай ба таври муосир дар дохили кишвар буда, он имкон медиҳад, ки кишоварзону соҳибкорзанон ба кӯчатҳои алълосифати қулфинай дастрасӣ пайдо намоянд. Ва бо истифода аз усули муосир ҳосилнокиро афзуда, фоидаи бештар ба даст оранд. Ин технология дар ҷумҳурӣ нав буда, дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя беҳамто мебошад.