РӮЗИ КУШОДИ САҲРОӢ ДАР ҚИТЪАҲОИ ҚУЛФИНАЙПАРВАРӢ

Дар қитъаҳои намоишии истеҳсоли қулфинай ба таври муосири ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷайҳун, ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» ташкил карда шудааст, рӯзи кушоди саҳроӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади озоди саҳроӣ ба соҳибкорзанону кишоварзон оид ба интихоби кӯчат, тарзи дурусти ғизодӣ ба ниҳол, нигоҳубин, парвариш ва истеҳсоли қулфинай ба таври муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин зимни рӯзҳои кушоди саҳроӣ гуфта шуд, ки агар занону кишоварзон мисли ин қитъаҳои намоишӣ истеҳсоли қулфинайро бо технологияи муосир ба роҳ монанд, корашон осонтар шуда, сифати маҳсулот баланд ва даромадашонро бештар мешавад.

Share

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.