Соҳаи кишоварзӣ яке аз манбаъҳои асосии даромад ва рӯзгузаронии сокинон дар ҷануби Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт занон баробари мардон кору фаъолият мекунанд. Умеда Абдуллоева ҳарчанд ҳамшираи тибби оилавӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мебошад, аммо беш аз бист сол мешавад, ки ба истеҳсол ва фурӯши навниҳолони сабзавот машғул аст.
Ӯ дар замини наздиҳавлигиаш, ки ҳамагӣ 10 сотих масоҳат дорад, аз замони арӯсиаш тухмии маҳсулоти гуногуни кишоварзиро пошида, кӯчат истеҳсол мекард. Чун Умеда ин корро ҳам ба шуғли дӯстдоштаи худ табдил дода буд ва ҳам сарчашмаи даромад медонист.
То он замоне, ки хонум Умеда Абдуллоева бо лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҳамкориро оғоз намуд, ӯ аз усули анъанавии истеҳсоли кӯчат кор мегирифт, ки чандон натиҷаи дилхоҳ намедодод. Шумораи зиёди навниҳолон аз хоки замин сироят ёфта, аз ҳашаротҳо зарар медиданд ва талаф меёфтанд. Ҳамин тавр навниҳолон устувор нагардида, дар бозор бо нархи паст ба фурӯш мерафтанд. Ин омил буд, ки ҳосили босифат ва фаровон ба даст намеомад.
Хушбахтона моҳи сентябри соли 2015 амалишавии Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон оғоз гардид ва Умеда яке аз аввалин баҳрагирандагони ин барнома шуд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур Умеда Абдуллоева ҳамроҳи дигар занон дар омӯзишҳои аграрӣ, иқтисодӣ ва рӯзҳои кушоди саҳроӣ иштирок намуда, истеҳсолу парвариши навниҳолро бо таври муосир ва ҳисобу китоби даромаду ҳароҷоти фаъолияти соҳибкориро омӯхт. Баъд аз ин дар чаҳорчӯбаи Барномаи USAID «Озуқа ба хотири фардо» бо дастгирии Ассотсиатсяи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар аввал бо гармхонаи хурд ва пас он бо гархонаи калон (120 м2) таъмин карда шуд. Умеда бо дарки ин ғамхориҳо тасмим гирифт, ки ҳамроҳи аъзои оилааш ба истеҳсол ва парваришӣ пайдарвай ва доимии навниҳоли сабзавот давом сол машғул шавад. Ӯ ҳамин тавр ҳам кард. Аз тухмии босифат парвариш ва истеҳсоли муосири навниҳолони помидору бодиринг, булғорию боимҷон, гулкараму карам ва райҳонро ба роҳ монда, фоидаи хуб ба даст овард.
Умеда Абдуллоева дар муқоиса мегӯяд, ки нигоҳубини навниҳол бо таври муосир заҳмати камтар талаб мекунаду даромади бештар медиҳад. Агар қаблан 20 адад навниҳолро дар як сомонӣ мефурӯхт, имрӯз 2 адад кӯчатро, ки бо таври муосир дар қуттичаҳои пластикӣ истеҳсол карда шудааст дар ҳамон маблағ мефурӯшад.
Ба гуфтаи Умеда амалишавии ин тадбири нек барои беҳтар намудани даромаднокии занон ва боло бурдани сатҳи зиндагии ӯ бе таъсир намонд. Аз ин лиҳоз хонум Умеда Абдуллоева ба унвонии USAID ва АМЗСТ ташаккур гуфт.