14 нафар занони сохибкори вилояти Хатлон аз сохаи хочагии кишлок ва хизматрасони (дузандагон), бо максади мубодилаи тачриба ва густариш додани равобити хамкори бо занхои сохибкори вилояти Сугд,
ба шахри Хучанд ташриф оварданд. Ин икдом дар чахорчубаи лоихаи "Сохибкории бонувон воситаи васеъ намудани хукук ва имкониятхои занон", ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон, ки бо дастгирии молиявии Очонсии ИМА оид ба рушди байналмилали амали мешавад, имконпазир гардид. Сараввал гурухи занон бо Махкамова Г.М. – Раиси Раёсати АМЗСТ вохурда аз кору фаъолияти худ накл карданд. Сипас занхо ба Боги Милии шахри Хучанд барои шиносои бо кори сахроии богдорон оиди истехсолот ва коркарди мева, куттибанди, содироти меваи тар ва хушк сафар намуданд. Гурухи дузандагон барои омузиши духти либосхои аврупоиву милли ва коркарди технологии махсулот ба Маркази омузишии "Дугонахо" сафарбар шуданд.
Нимаи дуюми руз занхо аз ташкилоти чамъиятии Маркази занон "Гулрухсор" дидан намуданд. Дар рафти вохури онхо оиди фаъолияти Марказ, омори мурочиат, дар бораи фаъолияти панохгохи муваккати аз наздик шинос шуданд. Хамчунин, онхо оид ба омилхои асосии чанчолхои оилави ва роххои бартараф намудани он, хамкорихои Марказ бо дигар макомотхои марбута, ба мутахассисон саволхо дода чавобхои мушаххас гирифтанд.
Рузи 18 июл хайати занон ба ш. Исфара барои шиносои бо кори богдорон оиди тайёрии пешаки барои мавсими хушк кардани зардолу, нигаҳдорӣ ва қуттибандии он равон гаштанд.
Бояд зикр кард, ки ин 11 сафари занхо ба вилояти Сугд мебошад.