Зани муваффақ дар гармтарин минтақаи Тоҷикистон

Дӯзандагӣ ва пазандагӣ  маъруфтарин касбу кори занону духтарони Тоҷикистон аст. Ин ду ҳунар, ки аслан ба бонувон дахл дорад, дар хонаводаҳои тоҷикистонӣ аз овони наврасӣ омӯхта мешаванд ва ҳадди ақал аз ҳарду якеро аксари занон метавонанд. Муҳаббат Ҷурақулова низ аз шумори садҳо бонувони дӯзанда аст, ки бо ин ҳунар аз даврони мактаббачагӣ машғул асту онро шуғл ва кори дӯстдоштаи худ медонад.

Ӯ беш аз 20 сол мешавад, ки ба ин кор банд аст. Пештар дар хона танҳо либосҳои миллии занонаю кӯдакона медӯхт. Аз ҳамдеҳагон фармоиш мегирифт. Баътар як ҳуҷраи хурдро аз маркази ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон ба иҷора гирифта, фаъолияташро идома дод.

Шурӯъ аз баҳори соли 2016-ум вай барои такмил додани ҳунараш ва ба ин васила васеъ намудани фаъолияти соҳибкориаш бо ҷалби  Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (ТҶ АМЗСТ) дар омӯзишҳои дизайн, пора ва дӯхтани либосҳои миллии аврупоӣ, попурӣ ва бизнес-тренингҳо иштирок намуда, малакаи худро сайқал дод.  Ӯ ҳамчунин аз мутахассисони Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» барои пешбурди фаъолияти расмии соҳибкорӣ маслиҳатҳои ҳуқуқию иқтисодӣ гирифт.

Лоиҳаи мазкур, ки аз тарафи АМЗСТ бо дастгирии молиявии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ амалӣ мегардад соли 2017 оид ба ташкили марказҳои омӯзишӣ дар ноҳияиҳои ҳадафӣ таҳлил гузаронида, ба хулосае омад, ки дар мувозинати сехи дӯзандагии Муҳаббат Ҷӯрақулова Маркази омӯзишии дӯзандагиро дар маркази ноҳияи Қубодиён наздик ба бозор ташкил намояд. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Маркази омӯзишии дӯзандагӣ 19-уми апрели соли 2017 бо мақсади дастгирии соҳибкор Муҳаббат Ҷӯрақулова ва ҷалби занону духтарон ба касбомӯзии ройгон ва ба ин васила дастгири намудани онҳо дар оғоз ва рушди соҳибкории занон таъсис дода шуд. Дар ин макон  аз назукиҳои дӯзандаги таълим гирифта, имкон пайдо  карда истодаанд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол гардида, зиндагии худ ба оилаашонро беҳтар намоянд. Инро метавон дар мисоли Мунира ва Орзугул баён намуд, ки ҳоло аз шумори дӯзандагони моҳир дар самти попурӣ шудаанд.

 

Баъд аз таъсис гардидани ин марказ ва муҳайё шудани шароити мусоиди корӣ, омӯзишҳои пайдарпайи касбӣ ва тиҷоратӣ хонум Муҳаббат дӯхт ва ороиши гуногуни либосҳои миллию аврупоиро аз худ намуда, ба попуризанӣ низ шурӯъ кард. Ӯ ҳамчунин ба дӯхтани пироҳани арӯсӣ, либосҳои аврупоии занона, куртаҳои идонаи кӯдакона, дастархонҳо бо нақшу нигори миллию замонавӣ, ҷойнамоз, болишт ва ғайраро ба роҳ монд.

Сипас Муҳаббат Ҷурақулова ҳамроҳи дигар занони ҳунарманд дар омӯзиш барои омӯзгорон иштирок намуда, малакаи тренериро низ аз худ кард. Вай дар якчанд омӯзишҳои касбӣ ба ҳайси тренер фаъолият намуда, қариб дар як сол ба беш аз 150 нафар духтарони ноҳияҳои Кубодиёну Шаҳритуз ва Носири Хусрав ҳунарашро омӯзонид. Ҳамин тавр Муҳаббат Ҷурақулова рӯз то рӯз рушд намуда, даромадаш бештар шуда истодааст.

Ба гуфтаи Муҳаббат агар ду сол қабл ӯ дар як моҳ ҳудуди 500 сомонӣ ба даст меовард, имрӯз ӯ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва таҷрибаи андухтаи худ то 2500 ҳазор сомонӣ фоидаи соф мегирад.

Хонум Муҳаббат Ҷурақулова ҳамаи ин муваффақиятҳояшро ба фаъолияти самарабахши лоиҳаи USAID ва АМЗСТ рабт дода, барои дастгирӣ ва ғамхорӣ ба занон изҳори сипос намуд.

Share

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.