Нигора Юнусова
Нахустин чизе, ки дар вақти вохӯрӣ бо Нигора пай мебаред, майлу рағбат ба чизи нав ва худбоварӣ аст. Фаъолияти соҳибкории муваффақонааш, ки хизматрасонии санҷиши таҷҳизоти гуногуни барқӣ аст, ба поси хотири падараш, номи Ғаффор Алиевро дорад. Падараш, ки соли 2007 аз олам гузашта буд, манбаи илҳом ва ғайрати ӯ буд. Онҳо фаъолияти соҳибкории худро соли 2003, вақте ки Нигора шӯъбаи технологияи энергетикаро дар коллеҷи шаҳри Конибодом хатм намуд, ҳамроҳ оғоз карда буданд. Нигора иброз дошт, ки ӯ ва падараш дӯстони хуб ва ҳамкорони ҳамфикр буданд. Падараш дар касби худ – электротехника соҳиби обрӯю эътибор буд ва Нигора мехоҳад пайрави ӯ бошад ва фаъолияти соҳибкории худро давом диҳад.
Ширкати Нигора истгоҳҳои барқӣ, ноқилҳо, хаттҳои баландшиддат, рӯпӯшҳои муҳофизатиро аз санҷиш мегузаронад ва бехатарии пурраи онро аз назар мегузаронад. Яке аз хизматрасониҳои маъмул ин санҷиши ҳисобкунакҳои барқ ва трансформаторҳо мебошанд, ки бояд ҳар 8 сол санҷида шаванд. Мавҷуд будани 37 000 истеъмолкунандагони маҳаллии барқ ин имконияти ҷараёни мунтазами мизоҷонро ба вуҷуд меорад. Нигора дар рафти фаъолияти соҳибкории худ ба иҷроиши босуръат ва босамари хизматрасонӣ бо нархҳои дастрас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ин тарзи босамари хизматрасонии мизоҷон дар сохтори ҳайати кормандонаш инъикос гаштааст: шумораи кам фаъолияти пурсамар доранд. Ӯ ҳафт корманди рӯйхатӣ ва 10 корманди шартномавӣ дорад.
Нигора фаъолияти соҳибкории худро бо мурури замон маблағгузорӣ кард. Ҳисобкунакҳои механикии пештара алҳол истифода намешаванд. Аз ин лиҳоз Нигора маҷбур шуд, $15 000 қарз гирифта, таҷҳизоти нави санҷиши асбобҳои ҳисобкунии рақамиро харидорӣ кунад. Алҳол нақшаи асосии Нигора ин мутобиқшавӣ ба талаботи бозор ва тамоюлҳои муосир мебошад. Ӯ боварӣ дорад, ки мушкилоти нерӯи барқи Тоҷикистон бо роҳи истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои нерӯи барқ ҳосилкунанда ҳал карда, захираҳои Тоҷикистон – дарёҳо, бод ва офтобро барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ беҳтар истифода бурда мешавад.
Нигора дар масъалаи таъмини барқ бо ин тарзҳо ба худ ҳамақида ҷустуҷӯ менамояд. Ӯ барои шинонидани дастгоҳҳои хурд манбаъҳои маблағгузориро мекобад, ва ақида дорад, ки бо чунин роҳ мушкилоти таъминкунии аҳолии маҳаллӣ бо барқ бартараф мегардад ва ин барои мӯътадилгардонии вазъи иқтисодиёт кӯмак мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда аҳолӣ муҳоҷиратро пеша накарда, дар Тоҷикистон кор ва фаъолият мебаранд.