Начотхон Исомадинова

Бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, Наҷотхон занест, ки ҳуқуқҳои худро медонад ва барои дифои онҳо муборизаи шадид ҳам мебарад. Ин рӯҳи қавӣ ба Наҷотхон имкон дод, ки монеаҳои зиёдеро паси сар кунад ва ӯ акнун сарварии ширкати нақлиётии маъруф ва муваффақро, ки дар он зиёда аз 150 нафар кор мекунанд, ба ӯҳда дорад.
Наҷотхон пайваста ғами ҷомеаи худро мехӯрд ва вақте дарк кард, ки беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Исфара мумкин аст, фаъолияти худро оғоз намуд. Ӯ мехост, ки як чизи нав ва беҳтарро ба аҳолии маҳаллӣ пешниҳод намояд. Дар оғози кор бо мақсади маблағгузории фаъолияти соҳибкории худ, баъзе тилловории худро фурӯхт. Минбаъд барои маблағгузорӣ бо мақсади васеъ намудани фаъолияташ тилловории боқимондаи худ ва мошини сабукрави шавҳарашро ба фурӯш гузошт ва инчунин барои вусъати тиҷорат қарз ҳам гирифт. Монеаҳои зиёдеро паси сар кард. Аксарият мегуфтанд, ки ӯ аз кораш даст кашад, аммо вай баръакс истодагарӣ карда, барои ҳарчӣ бештар бо кор таъмин намудани одамон ҷидду ҷаҳд мекард.
Ӯ дар фаъолияти худ ду принсипро қатъӣ риоя мекард: якум, ҳар чи бештар бо кор таъмин намуди аҳолӣ; дуюм муносибат ва роҳбарии софдилона бо ҳайати кор ва мизоҷон. Баъди аз сафари Макка баргаштани Наҷотхон ба ӯ баъзеҳо гуфтанд, ки аз кораш даст кашад. Вале баъди сӯҳбат бо пешвоёни динӣ вай фаҳмид, ки ин амали муқаррарӣ аст ва корашро аз нав оғоз намуд. Наҷотхон барои аксарияти занон намунаи ибрат аст. Ӯ бисёр мехоҳад, ки дигар занон ба ӯ пайравӣ кунанд ва мехоҳад паси сар кардани мушкилоти ба сарашон омадаро дар мисоли худаш ба онҳо омӯзонад. Соли 2011 китоби ӯ иборат аз 400 саҳифа, ки дорои маслиҳатҳои амалӣ ва роҳҳои ҳавасмандкунонии занон барои пешбурди фаъолияти соҳибкориашон мебошад, аз нашр баромад.
Ҳоло Наҷотхон мақсадҳои наҷибе дорад, ки мехоҳад ба онҳо ноил гардад: пайваст кардани шабакаи об ва барқ дар ҷои корӣ, кушодани қаҳвахона барои ронандагон, кушодани нуқтаи шустушӯй ва таъмири мошинаҳо. Аз нуқтаи назари Наҷотхон, доштани мақсад ва заминаи устувори маънавӣ тиҷорати ӯро муваффақ гардониданд ва барои инкишофи минбаъдаи фаъолияти сохибкориаш мусоидат намуданд.

Подписаться на обновления!

Отправьте нам свой email, чтобы получать новости своевременно.